Хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ мегӯяд, дар назди бинои ҳукумати ноҳияи Олмалии шаҳр, ки феълан шаҳрдории Алмато дар онҷо ҷойгир шудааст, мошинҳои пулис ва "Ёрии таъҷилӣ" дида мешавад.
Кормандони пулис ҳуҷҷатҳои роҳгузаронро тафтиш мекунанд. Мақомоти қазоқ қаблан гуфта буданд, ки сарфи назар аз бекор шудани ҳолати фавқулода дар Алмато сатҳи "сурх"-и хатари террористӣ вуҷуд дорад.
Дар назди бинои ҳукумати Олмалӣ чандин автобуси ҳомили кормандони пулис низ қарор доранд.