Ссылки доступа

Узбекистон хабари Кумитаи амнияти Қазоқистонро рад кард


Вазорати умури хориҷии Узбекистон 18 январ бо нашри як изҳорот гуфт, марди 29-солае, ки дар гузаргоҳи марзии вилояти Туркистони Қазоқистон бо захми тир боздошт шудааст, шаҳрванди ин кишвар нест.

Ба огаҳии вазорат, Консулгарии генералии Узбекистон дар шаҳри Алмато аз Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон иттилоъ дарёфт кардааст, ки марди боздоштшуда шаҳрванди Узбекистон намебошад.

Пештар Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон хабар дода буд, ки марзбонони ин кишвар дар гузаргоҳи "Жибек жолӣ" як мардро бо захми тир дастгир кардаанд ва ӯ шаҳрванди Узбекистон аст.

"Шаҳрванди 29-солаи Узбекистон дар гузаргоҳи "Жибек жолӣ"-и вилояти Туркистони Қазоқистон ҳангоми баргашт ба ватан дастгир шудааст. Дар телефони мобилии ӯ видеоҳо аз бетартибиҳои шаҳри Чимкент низ пайдо гаштааст. Дар миёни вай захми тир, зоҳиран тири резинӣ дида мешавад", - омадааст дар иттилоияи Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон.

XS
SM
MD
LG