Ссылки доступа

Қирғизистон вазирони энергетикаи Қазоқистону Узбекистонро ба обанбори Тоқтагул даъват кард


Вазорати энергетикаи Қирғизистон вазирони энергетикаи Қазоқистон ва Узбекистонро даъват кардааст, ки аз обанбори Тоқтагули кишвараш боздид кунанд.

Дар ин бора вазири энергетикаи Қазоқистон Доскул Бекмурзоев 18 январ дар ҷаласаи кумитаи порлумони он кишвар дар умури сӯзишворӣ, энергетика, сарватҳои зеризаминӣ ва сиёсати саноат хабар додааст.

"Мо вазирони энергетикаи Қазоқистону Узбекистон ва раҳбарони бахши обро даъват кардем, ки дар даҳаи охири моҳи январи соли равон ба кишвар оянд. Мо онҳоро ба обанбори Тоқтагул бурда, сатҳи обро нишон медиҳем. Мо ба онҳо нома фиристода, пешниҳод кардем, ки ба ҷои рақобат ҳамкорӣ кунем", - изҳор дошт вазири қирғиз.

Бино ба иттилои сомонаи "Истгоҳҳои барқӣ" дар Қирғизистон, 18 январ ҳаҷми оби обанбори Тоқтагул​ 9,5 млрд метри мукаабро ташкил медиҳад, ки назар ба нишондоди 18 январи соли гузашта 1,8 миллиард метри мукааб камтар мебошад.

XS
SM
MD
LG