Ссылки доступа

Дар Андиҷон 12 зан бо гумони узвият дар "Ҳизб-ут-Таҳрир" боздошт шуданд


Пулиси вилояти Андиҷони Узбекистон хабар додааст, ки дар ноҳияи Андиҷони вилоят фаъолияти "бахши занона"-и ҳаракати мамнуи "Ҳизб-ут-Таҳрир"-ро ошкор кардааст.

Ба иттилои пулис, занон дар натиҷаи як амалиёти муштараки ниҳодҳои қудратии Узбекистон 16 январ дар манзили зисти сокини маҳаллӣ М.Х., ки онҷо ҷамъ шуда буданд, дастгир гаштаанд.

Пулиси Андиҷон мегӯяд, ин гуруҳи 12-нафарии занон гӯиё бо дастури шаҳрванди Узбекистон М.Х., ки дар Туркия кору зиндагӣ мекунад, дар хонаҳои аъзои гуруҳ бо баҳонаи "меҳмонӣ" ё "зиёфат" гирди ҳам омада, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз ӯ ақидаҳои "Ҳизб-ут-Таҳрир"-ро меомӯхтаанд.

Зидди 12 зан парванда боз ва тафтишот оғоз шудааст.

XS
SM
MD
LG