Ссылки доступа

Фаъолияти ширкати марбут ба духтари Назарбоев қатъ шуд


Ҳукумати Қазоқистон қарореро қабул кард, ки тибқи он фаъолияти ширкати "Оператор РОП" дар он кишвар қатъ хоҳад шуд.

"Фаъолияти ширкати "Оператор РОП" қатъ ва дороиҳои он ба ҳисоби давлат гузаронида шуд", - омадааст дар иттилоияи ҳукумати Қазоқистон.

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон рӯзи 11-уми январ дастур дода буд, ки фаъолияти ширкати "Оператор РОП" қатъ шавад.

“Соҳибкорон ва ҷомеа дар мавриди ширкати маъруф ба "Оператор РОП" суолҳои зиёде доранд. Кор то ҷое расид, ки як ҳаракати мардумӣ зидди ин ширкат ташкил шуд. Ман ба ҳукумат дастур медиҳам, ки фаъолияти ширкати мазкурро қатъ кунад,” -- гуфт Тоқаев.

Ширкати "Оператор РОП" соли 2015 таъсис шуд. Ин ширкат ба таъсиси зерсохтори марбут ба ҷамъоварии партовҳо ва коркарди партовҳо машғул аст. Онро ба Алия Назарбоева, духтари хурдии президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рабт медиҳанд.

Алия Назарбоева рабт доштани худро ба ширкати мазкур ошкор накардааст, аммо расонаҳо навиштанд, ки даромади ширкатро Назарбоева соҳиб мешавад.

XS
SM
MD
LG