Ссылки доступа

Президенти пешини Украина ба ватанаш баргашт ва дар озодӣ боқӣ монд


Петр Порошенко

Додгоҳе дар шаҳри Киеви Украина Петр Порошенко, президенти пешини ин кишварро вазифадор кард, ки шиносномаи хориҷиашро ба ихтиёри мақомот супорад ва дар муҳокимаҳои додгоҳӣ ҳозир шавад.

Айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ хоста буд, Порошенкоро ба ҳабси пешакӣ бигирад.

Ҷонибдорони Порошенко аз ҳукми додгоҳ изҳори хурсандӣ карданд.

Порошенко бо он айбдор мешавад, ки дар соли 2014 ба давлат хиёнат ва террористонро сармоягузорӣ кардааст. Тафтишот мегӯяд, вай дар давраи президентиаш дар соли 2014 бо вайрон кардани қонун аз ҷудоихоҳони русиягарои Донбасс ангишт харидааст. Вакилони мудофеи Порошенко мегӯянд, далели гунаҳкориаш президенти пешин мавҷуд нест. Порошенко ин таъқибро қассосгирӣ аз сӯи президенти кунунии Украина Владимир Зеленский унвон кард.

Порошенко рӯзи 17 январ аз Лаҳистон ба Киев баргашт. Вай аз шаҳрвандони Украина даъват кард, ки атрофаш муттаҳид шаванд ва бо хушунати Русия мубориза баранд.

XS
SM
MD
LG