Ссылки доступа

Як қирғизистонии гумшуда дар Алматоро ёфтанд: қабурғаҳову пойҳояш шикаста аст


Чолпонбек Сиддиқов, шаҳрванди Қирғизистон, ки дар ҳодисаҳои Қазоқистон гум шуда буд, дар шаҳри Алмато пайдо гардид.

Вай нақл кард, ки ӯро боздошт ва дар идораи пулис латту кӯб карданд: қабурға ва ҳар ду пояш шикаста аст.

Дипломатҳои Қирғизистон навори суҳбат бо Сиддиқовро дар ихтиёри расонаҳо гузоштанд. Сиддиқов нақл мекунад, ки муҳлати будубошаш дар Қазоқистон ба поён расида буд ва мехост, ба шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргардад. Ӯро низомиҳо дар беруни шаҳри Алмато боздошт карданд.

"Ҳамаи касонеро, ки ҳуҷҷати шаҳрванди Қазоқистонро доштанд, раҳо карданд. Касоне, ки ҳуҷҷатҳои Қирғизистонро доштанд, аз мошин фароварданд. Пулис ба ман гуфт, ки мунтазир шав", - нақл кард Сиддиқов.

Вай мегӯяд, вақте пулис омад, телефони ҳамроҳашро гирифтанд ва ба мошини дигар шинонданд.

"Ман намедонам, ки ба куҷо буранд. Танҳо ҳаминро дар ёд дорам, ки аз зинаҳо боло бурданд ва дар долон рӯ ба девор гузоштаву латту кӯбро шуруъ карданд. Ҳамаро заданд, ҳама фарёд мекард. Фарз кардем, ки агар аз соати 10 рӯзи заданро шуруъ карда бошанд, нисфирӯзӣ ҳар ду пои маро шикастанд. Бо дасту по ва чӯбҳои резинӣ мезаданд", - нақл кард Сиддиқов.

Дипломатҳои Қирғизистон Сиддиқовро рӯзи 19 январ дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Алмато пайдо карданд. Интизор меравад, ӯро имрӯз бо мошини ёрии таъҷилӣ то марзи Қазоқистон бо Қирғизистон биоранд.

Сиддиқовро аз рӯзи 8 январ ҷустуҷӯ мекарданд. Сиддиқови 46-сола пайваста барои кор ба шаҳри Алмато мерафт. Сиддиқов дар бетартибиҳои шаҳри Алмато ширкат накарда, танҳо баъди анҷоми муҳлати будубошаш мехост, он шаҳрро тарк кунад, мегӯянд пайвандонаш.

Дар бетартибиҳои ибтидои моҳи январ дар Қазоқистон 227 кас кушта шудааст. Додситонии Қазоқистон баъди он ҳодисаҳо 695 парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Аз рӯи ин парвандаҳо 695 кас ҳабс шудаву 85 тани дигар ҳамчун гумонбар дар боздошт ҳастанд.

XS
SM
MD
LG