Ссылки доступа

Дар Тошканд ҳазор касро барои нагирифтани ваксина аз кор ронданд


Беш аз ҳазор сокини шаҳри Тошканди Узбекистон барои худдорӣ аз гирифтани ваксина ё худ эмшавӣ зидди коронавируси нав аз кор ихроҷ шудаанд.

Бино ба иттилои хабаргузории УзА, ҳоло дар пойтахти Узбекистон санҷиши муайян кардани кормандоне оғоз гаштааст, эм нашудаанд.

Гуруҳҳои корӣ 17 январ дар 305 ширкат ва 203 корхонаи буҷавии Тошканд санҷиш гузарондаанд. Дар натиҷа муайян шудааст, ки 359 корманди ширкатҳо ва 885 корманди корхонаҳои буҷавӣ ваксина нагирифтаанд.

Манбаъ афзудааст, ки 1044 корманд барои нагирифтани ваксина аз мақом барканор, 200 тани дигар ҷарима ва фаъолияти як ширкат қатъ шудааст.

Вазорати тандурустии Узбекистон 18 январ иттилоъ дод, ки дар ин кишвар шумори мубталоёни коронавируси нав афзоиш меёбад.

XS
SM
MD
LG