Ссылки доступа

OCCRP: Назарбоев $8 млрд дороиро тариқи бунёдҳо дар ихтиёр дорад


Президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дороиҳоеро дар ҳаҷми 7,8 миллиард доллар тавассути бунёдҳои хайрия идора мекунад.

Дар ин бора дар таҳқиқоти муштараки Маркази таҳқиқоти ҷиноятҳои созмонёфта ва фасод (OCCRP) бо расонаҳои "Vласт" ва "Kloop" гуфта шудааст.

Муаллифони таҳқиқот мегӯянд, Назарбоев дар давоми президентии худ дар Қазоқистон чаҳор бунёди хайрияро таъсис додааст, ки номҳояшон ба ҳам монанд буда, дар фаъолияташон низ шаффофият дида намешавад. Сухан аз "Бунёди Назарбоев", "Бунёди Нурсултон Назарбоев", "Бунёди Демеу" ва "Бунёди Пешво" меравад.

Ин бунёдҳои хайрия дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия бонк, телевизион, меҳмонсаро, марказҳои савдо, корхона, анбор, ҳавопаймои хусусии беш аз 100-миллиондолларӣ ва майдони голфбозӣ доранд.

Ин дороиҳо расман ба Назарбоев тааллуқ надоранд, вале ӯ онҳоро ҳамчун асосгузори бунёдҳо идора мекунад.

Намояндагони Назарбоев дар се бунёд аз шарҳи таҳқиқот худдорӣ карданд. Танҳо дар як бунёд гуфтанд, ки президенти нахустини Қазоқистон аз фаъолияти он ҳеч даромаде ба даст намеорад.

"Загадочная жена" Назарбаева и новый театр
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:48 0:00
XS
SM
MD
LG