Ссылки доступа

Дар Қирғизистон нархи сӯзишворӣ дубора гарон мешавад


Раиси Анҷумани воридкунандаҳои нафт дар Қирғизистон Канатбек Эшатов 20 январ иттилоъ дод, ки давоми рӯзҳои оянда нархи як литр бензин то ба 4 сом ва арзиши 1 литр сӯзишвории дизелӣ то ба 6 сом боло хоҳад рафт.

Ӯ гуфт, корхонаҳои Русия моҳи январ нархи як тонна бензинро 110 доллар ва сӯзишвории дизелиро 130 доллари амрикоӣ гаронтар кардаанд, ки он боиси гароншавии сӯзишворӣ дар Қирғизистон ҳам хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Эшатов, дар ҳоли ҳозир Қирғизистон аз Қазоқистон маҳсулоти нафтӣ ворид намекунад. Зеро мақомоти Қазоқистон муваққатан содироти ин навъи маҳсулотро манъ кардаанд.

Эшатов пештар гуфта буд, ки ширкатҳои қирғизӣ 1 тонна безинро аз Русия то 820 доллар ва 1 тонна сӯзишвории дизелиро то 770 доллар мехаранд.

Қирғизистон 95 дарсади маҳсулоти нафтиро аз Русия ворид мекунад.

XS
SM
MD
LG