Ссылки доступа

Байден: Ҳамла ба Украина барои Русия "фоҷеа" хоҳад шуд


Президенти ИМА Ҷо Байден дар як нишасти хабарӣ гуфт, ҳамлаи густарда ба Украина барои Русия "фоҷеа" хоҳад буд ва расиҷумҳури он кишвар Владимир Путин низ дар он сурат бо таҳримҳое аз сӯи Ғарб рӯбарӯ мешавад, ки "то ҳол надидааст".

Ба гуфтаи Байден, яке аз оқибатҳои ҳамлаи эҳтимолӣ ба Украина он хоҳад буд, ки бонкҳои Русия дигар наметавонанд бо доллари амрикоӣ амалиётҳои худро анҷом диҳанд.

Президенти Амрико иқрор кард, ки Русия дар қиболи Украина бартарии комили низомӣ дорад, вале дар сурати ҳамла бо "оқибатҳои нохуши дарозмуддат" рӯбарӯ мешавад.

Ба назари Байден, Владимир Путин ба эҳтимоли зиёд дар бораи ҳамла ба Украина тасмим хоҳад гирифт, вале ӯ бовар надорад, ки ҳамтои русаш ҷонибдори низои мусаллаҳонаи густарда мебошад. Байден афзуд, ки иқдомҳои ҷавобии Ғарб аз амалҳои Русия зидди Украина вобаста аст.

Вай ҳамчунин изҳори нигаронӣ кард, ки эҳтимоли аз таҳти назорат берун шудани вазъ вуҷуд дорад. "Умедворам, Путин дарк мекунад, ки агар сухан аз ҷанги густардаи ҳастаӣ равад, он дар вазъияте нест, ки дар ҷаҳон фармонравоӣ кунад", - илова кард Байден.

Нигаронии кишварҳои Ғарб да робита ба ҳамлаи эҳтимолии Русия ба Украина давоми рӯзҳои ахир афзоиш ёфтааст. Котиби давлатии ИМА ва вазири умури хориҷии Русия рӯзи ҷумъа дар шаҳри Женева мулоқот хоҳанд кард. Вазорати умури хориҷии Русия мегӯяд, Москва барои амалиёти низомӣ зидди Украина омодагӣ намебинад.

XS
SM
MD
LG