Ссылки доступа

Пулиси Алмато аз "дафни ҷангҷӯён" хабар дод


Похороны жертв январских событий в Казахстане
Похороны жертв январских событий в Казахстане

Пулиси шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи 20 январ хабар дод, "макони дафни ҷангҷӯёне ошкор шудааст, ки дар бетартибиҳо иштирок доштанд".

Салтанат Азирбек, намояндаи расмии пулиси Алмато гуфт, "ҷасади ҷангҷӯён ба хотири он дафн шудааст, ки шахсияти онҳо шинохта нашавад".

"Теъдод ва макони дафни онҳо сирри тафтишот буда, ошкор нахоҳад шуда", - афзуд Азирбек.

Ҳомиёни ҳуқуқи қазоқистонӣ ва хориҷӣ борҳо аз мақомоти Қазоқистон даъват карданд, ки дар бораи фавти сокинони осоишта дар ҳаводиси ибтидои моҳи январ иттилои комил диҳанд. Рӯзи 15 январ додситонии кулли Қазоқистон гуфт, дар саросари он кишвар на камтар аз 225 кас кушта шудааст. Мақомоти он кишвар хабар надоданд, ки чи теъдод аз ин афрод аз сӯи низомиҳо ва чи теъдоди дигар аз сӯи ғоратгарон кушта шудаанд.

Хешовандони кушташудаҳо мегӯянд, ҷасади пайвандонашонро, ки дар ҳаводиси ибтидои моҳи январ кушта шудаанд, ба онҳо намедиҳанд.

XS
SM
MD
LG