Ссылки доступа

Сиёсатмадори қирғизистонӣ Бахтибек Қулмаҳмадовро аз зиндон ба ҳабси хонагӣ гузарониданд


Додгоҳи шаҳрии Бишкеки Қирғизистон рӯзи 20 январ сиёсатмадор Бахтибек Қулмаҳмадовро аз боздошт раҳо ва ба ҳабси хонагӣ маҳкум кард.

Пештар аз ин додгоҳ Қулмаҳмадовро то 9 феврал ба ҳабси пешакӣ гирифта буд.

Вакили пешини порлумони Қирғизистон Бахтибек Қулмаҳмадов шаби 22 декабри соли 2021 бо гумони "Ангехтани бадбинии нажодӣ, қавмӣ, миллӣ, динӣ ва ё минтақавӣ" боздошт шудааст. Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, иттилоъ ёфтаанд, ки Қулмаҳмадов "дар ангехтани бадбинии байниминтақавӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ даст дорад".

Ӯро дар навиштани шарҳҳои бадномкунандаи сокинони вилояти Иссиқкӯл гумонбар мекунанд.

Қулмаҳмадов ин айбҳоро рад ва боздошташро таъқиби сиёсӣ меномад.

XS
SM
MD
LG