Ссылки доступа

Қазоқистон қатъномаи Порлумони Аврупоро "ғаразнок" номид


Вазорати умури хориҷии Қазоқистон қатъномаи Порлумони Аврупоро, ки ба таҳқиқи байналмилалии ҳодисаҳои хунини аввали январи ин кишвар даъват мекунад, "ғаразнок" номид.

"Вазорати умури хориҷии Қазоқистон бар ин аст, ки қатъномаи Порлумони Аврупо дар робита ба вазъи кишвари мо ғаразнок буда, дар асоси хулоса ва маълумоти воқеъбинона таҳия нашудааст. Боиси нигаронист, ки ба ҳодисаҳои моҳи январи Қазоқистон баҳои воқеъбинона дода нашудааст", - омадааст дар иттилоияи вазорат, ки 21 январ нашр шуд.

Вазорат гуфтааст, вакилони Порлумони Аврупо ҳангоми таҳияи қатънома назари мақомоти расмии Қазоқистонро роҷеъ ба ҳодисаҳои аввали моҳи январ напурсидаанд.

Порлумони Аврупо ахиран қатъномаеро қабул кард, ки дар он ба таҳқиқи байналмилалии ҳодисаҳои хунини Қазоқистон дар аввали моҳи январи соли равон даъват карда мешавад.

XS
SM
MD
LG