Ссылки доступа

Ҳукми гумонбарони куштори духтари қирғиз бетағйир гузошта шуд


Додгоҳи шаҳри Бишкеки Қирғизистон 21 январ ҳукми гумонбарони парвандаи рабудан ва куштори Айзада Канатбековаи 27-соларо бетағйир гузошт.

Вакили дифои ҷониби ҷабрдида Нурбек Токтакунов гуфт, бо қарори додгоҳ розӣ нестанд ва ба зинаи болоӣ шикоят мебаранд.

Дар курсии айбдорӣ 5 нафар менишастанд ва ҳамаашон зиндонӣ шуданд. Додгоҳ Замирбек Раманқулов ва Токон уулу Кубаничро 6 солу 6-моҳӣ, Рисбой уулу Ажикабил, Орузбек Нурумбетов ва Сиймик Молдосариевро 7-солӣ аз озодӣ маҳрум кард.

Хоҳари Айзада - Нозгул Канатбекова қаблан ба хабарнигорон гуфта буд, ки наздикони ӯ ҳукми додгоҳро сабук мешуморанд ва бо он розӣ ҳастанд.

Духтари 27-соларо рӯзи 5 арпели имсол дар Бишкек рабуданд. Се мард ӯро иҷборан дар мошине нишонда, ба самти номаълум бурданд.

Ҷасади Канатбекова бо нишонаҳои марги маҷбурӣ ва ҷасади марди 36-сола бо захмӣ корд дар дохили мошине миёни деҳаҳои Арашан ва Чокморов дар наздикии шаҳри Бишкек пайдо шуд.

Марди чӯпоне, ки ба пулис аз ёфт шудани мошин хабар дод, гуфт, мошини мазкурро рӯзҳои 5-6 апрел дида буд, аммо фикр мекард, он дар лой ғуттида аст. Танҳо рӯзи 7 апрел чӯпон ба мошин наздик шуда, ҷасади марду занро дар он дидааст.

XS
SM
MD
LG