Ссылки доступа

Володин: Дума эътирофи ҷумҳуриҳои худхонда дар шарқи Украинаро баррасӣ мекунад


Раҳбарони ҷиноҳҳои Думаи давлатии Русия ҳафтаи оянда лоиҳаи Ҳизби коммунистии ин кишвар дар бораи муроҷиати расмӣ ба президент Владимир Путинро барои эътирофи истиқлоли ҷумҳуриҳои худхонда дар шарқи Украина баррасӣ мекунанд.

Дар ин бора раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин дар телеграм-канали худ хабар додаааст. Володин афзудааст, ки ин санад баъдан дар дума баррасӣ хоҳад шуд.

Ба гуфтаи ӯ, президенти Украина Владимир Зеленский созишномаи Минскро нодида мегирад ва "НАТО мехоҳад, Украинаро ғасб кунад". "Ин ҳар ду фоҷеаеро дар пай доранд. Мо набояд ба ин роҳ диҳем. Москва бояд роҳи ҳимоят аз ҳамватанони худро дар ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луганск пайдо кунад", - изҳор доштааст вай.

Аъзои ҷиноҳи порлумонии Ҳизби коммунистии Русия бо шумули раҳбари ҷиноҳ Геннадий Зюганов рӯзи чоршанбе ба Думаи давлатӣ лоиҳаеро ироа карданд, ки муроҷиати расмӣ ба Путинро барои эътирофи истиқлоли ҷумҳуриҳои худхонда дар шарқи Украина пешниҳод мекунад.

XS
SM
MD
LG