Ссылки доступа

Додгоҳ дар Суғд гуфт, ду зани соҳибкор ҳақ будаанд


 Қурбонхон Охонова ва Нигора Раҳимова 
 Қурбонхон Охонова ва Нигора Раҳимова 

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров амр додааст, Идораи гумруки Суғд чанд тонна бори ду зани соҳибкорро баргардонад.

Маъмурони гумрук се моҳ пеш 4 тонна биринҷи соҳибкоронро гирифтанд, чун бовар доштанд, ғайриқонунӣ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон оварда шудааст. Қурбонхон Охонова ва Нигора Раҳимова ба ҳақ будани худ пофишорӣ доштанд. Додгоҳ баҳсро ба фоидаи онҳо ҳал кард.

Маҳмадулло Зиёзода, додраси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар қарораш гуфтааст, биринҷе, ки бо гумони қочоқ мусодира шуда буд, дар асл “ватанист”.

“Қарор 14-уми январ қабул шуд. Агар ҷонибҳо дар даҳ рӯзи оянда даъвое пеш наоранд, қарор ба иҷро медарояд,” -- гуфт, як манбаи боварбахш дар додгоҳ рӯзи 18-уми январ.

Қурбонхон Охонова мегӯяд, се моҳ боз банд мондани биринҷаш натанҳо ӯро аз ин идора ба он идора саргардон кард, балки ба буҷаи хонавода ҳам осеб расонд. Ӯ гуфт, “шукр, ки дар ниҳоят адолат барқарор шуд. Акнун умед дорем, ки ҳарчи зуд ба кор давом медиҳем.”

Намояндагони Идораи гумруки вилояти Суғд дар мурофиаи охирин дар додгоҳ иштирок доштаанд, вале мавқеи онҳо ба мо маълум нест. Рӯшан нест, ки онҳо аз рӯйи қарори додгоҳ шикоят мебаранд ё не.

Маъмурони гумрук 10-уми октябри соли 2021 дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва дар наздикии марз бо Қирғизистон мошини "Мерседес Спринтер"-ро, ки биринҷ мебурд, бо гумони қочоқӣ будани бораш боздошт карданд.

Соҳибкор Қурбонхон Охонова дар суҳбатҳои пешинааш гуфта буд, ки борро аз бозори Исфара харида, мехостанд, дар Хуҷанд бифурӯшанд. Вай ҳамзамон даъво дошт, ки чанд маъмури гумрук худи ӯро низ задаанд. Намояндагони Идораи гумруки вилояти Суғд шикояти занро рад карда, баръакс, ӯро бемори равонӣ хонда буданд.

Масъалаи қочоқи молу маҳсулот дар шимоли Тоҷикистон, ки бо Қирғизистон ва Узбекистон ҳамсарҳад аст, аз мавзуъҳои доғ ба шумор меравад. Дар гузашта сардори Раёсати гумруки вилояти Суғд, Баҳром Исматуллозода, гуфта буд, ки дар онҷо “зиёда аз 164 чапроҳа ҳаст”.

XS
SM
MD
LG