Ссылки доступа

Президенти Арманистон Армен Саркисян истеъфо дод


Президенти Арманистон Армен Саркисян аз мақоми худ истеъфо дод. Ӯ гуфт, дар ин мақом аз салоҳиятҳои кофӣ бархурдор нест, то дар сиёсати кишвар ва масъалаҳои ҷангу сулҳ таъсиргузор бошад.

Саркисяни 68-сола бо нашри як изҳорот дар сомонаи расмии президенти Арманистон афзудааст, "кишвар дар як воқеияте қарор дорад, ки раисҷумҳур наметавонад аз бештари тавонмандиҳояш барои иҷрои вазифаҳои низом истифода барад".

Ба гуфтаи ӯ, дар вазъияти кунунӣ президенти Арманистон абзореро надорад, ки "ба кишвари худ мусоидат намояд".

Дар Арманистон барои тағйири Конститутсияи он кишвар комиссия ташкил шудааст. Саркисян изҳори умед кардааст, ки шояд президенти ояндаи Арманистон баъди тағйири Конститутсия тавонад дар "доираи нисбатан баробар" фаъолият кунад.

Тибқи қонунҳои Арманистон, президент истеъфои худро ба порлумон пешниҳод мекунад ва он аз замони эъломшуданаш қабул хоҳад шуд. Вазифаҳои президентро то интихоб шудани раисҷумҳури нав раиси порлумон бар зимма мегирад. Президентро Маҷлиси миллии Арманистон интихоб мекунад.

XS
SM
MD
LG