Ссылки доступа

Додгоҳ озодии блогери узбекро се сол маҳдуд кард


Додгоҳи ноҳияи Мирободи шаҳри Тошканди Узбекистон озодии блогер Миразиз Бозоровро бо ҷурми "туҳмат" се сол маҳдуд кард.

Бино ба иттилои бахши узбекии Радиои Озодӣ, блогер ба муҳлати се сол ҳақ надорад, ки аз шаҳр берун равад ва дар вақти муайян кардаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ манзили худро тарк кунад.

Вакили дифои блогер Сергей Майоров ҳукми додгоҳро ғайриқонунӣ ва ноодилона номид. Ҳангоми баррасии парванда рӯзноманигоронро ба далели пандемияи коронавирус ба толори додгоҳ роҳ надоданд.

Ба гуфтаи вакили дифоъ, додрас ҳарчанд мурофиаро боз эълом карда буд, вале ба сабти садо ва видео аз рафти он иҷозат надод.

Зидди блогери узбек 28 апрели соли гузашта дар асоси банди "Туҳмат бар пояи ангезаҳои худхоҳона ё дигар" парвандаи ҷиноӣ боз шуда, додгоҳ ӯро ба ҳабси хонагӣ маҳкум карда буд.

Бозоров шоми 28 март аз сӯи афроди ношинос латтукӯб шуд. Дар натиҷа пойи чапи вай шикаст ва чанд захми дигар бардошт. Блогер барои ҳимоят аз ҳуқуқи ҳамҷинсгароён дар Узбекистон садо баланд мекард ва эҳтимолан сабаби латту кӯб шуданаш низ ҳамин буд.

Аз рӯи ҳодисаи латукӯби Бозоров бо моддаи "Барқасдона расонидани зарари ҷисмонӣ" парванда боз шудааст. Дӯстони блогер гуфтанд, онҳо ба ҳайси шоҳид бозпурсӣ мешаванд.

Дар аввали тафтишот худи блогер ҳамчун ҷабрдида бозпурсӣ мешуд, вале баъдан мақоми ӯ ба гумонбар иваз шуд.

XS
SM
MD
LG