Ссылки доступа

Дар Қазоқистон гуфтанд, чаро садҳо касро дар боздошт нигоҳ медоранд


Мақомоти Қазоқистон рӯзи 22-юми январ гуфтанд, беш аз 460 нафарро бо гумони “терроризм” ва “бетартибиҳои оммавӣ” дар аввали моҳи январи имсол дар ин кишвар дастгир кардаанд.

Элдос Қилимҷонов, сухангӯйи Додситонии кулли Қазоқистон, гуфт, “тақрибан 500 нафари дигар бо иттиҳомҳои начандон вазнин, ба монанди дуздӣ, бетартибӣ ва нигаҳдории силоҳ дар боздошт ҳастанд.”

Вай афзуд, 73 нафар аз муттаҳамон захмӣ ҳастанд. 29 нафари онҳо аз тир маҷрӯҳ шудаанд. Шуморе аз боздоштшудаҳои собиқ иддао доранд, ки ҳангоми боздошт мавриди озору шиканҷа қарор гирифтанд.

Эътирози сокинон аз болоравии нархи гази моеъ дар ғарби Қазоқистон дар аввали моҳи январ ба хушунат печид ва даҳҳо куштаву захмӣ ба ҷой гузошт.

Ҳукумат хушунатҳоро кори “террористони байнулмилалӣ” донист ва барои саркӯби он аз Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ), иттиҳоди зери раҳбарии Русия, мадад хост.

Ин дар ҳолест, ки таҳлилгарон онро муборизаи қудрат миёни элитаи вафодор ба президенти ҳозира Қосимҷомарт Тоқаев ва раисҷумҳури собиқ Нурсултон Назарбоев медонанд.

Дар ду ҳафтаи охир хешовандони Назарбоев аз вазифаҳои муҳим дар ширкати нафту газ ва идораҳои дигари давлатӣ ронда шуданд.

XS
SM
MD
LG