Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон Фирдавсиро мешиносанд, ё не? (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Кӣ мошини ронандаи тоҷикро дар марз хароб кард? Пас аз як рӯзи ҳодисаи сангпартоӣ ба автомашинаи боркаши тамғаи Камаз дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон соҳиби он асли воқеаро ба Радиои Озодӣ нақл кард. Мақомоти интизомии Тоҷикистон ба тафтишоти ҳодисаро шурӯъ кардаанд. (видео)

- Дар Тоҷикистон Фирдавсиро мешиносанд, ё не? Рӯзи 21-уми январ дар Эрон рӯзи Абулқосим Фирдавсиро таҷлил мекунанд. Шоиреро, ки дар Тоҷикистон ҳам бо ӯ ифтихори зиёд мекунанд ва номи фарзандонашонро аз китоби ӯ мегиранд. Радиои Озодӣ дар ин рӯз аз чанд раҳгузар пурсид, ки Фирдавсиву осорашро медонанд. (видео)

- Бурду бохти Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар 30-сол. Рӯзи 22-уми январ аз таъиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон 30 сол пур шуд. Дар ин муддат дар баробари Кумитаи андоз як идораи муҳим барои таъмини буҷаи кишвар боқӣ мондааст. Коршиносони мустақил ин ниҳодро яке аз фасодзадатарин бахшҳо меноманд, вале худи кормандони гумрук ба ин баҳогузорӣ розӣ нестанд. (видео)

- Русия мехоҳад, дар Қирғизистон неругоҳи ҳастаӣ созад. (видеои Настоящее время)​

- Соли аввали президентии Ҷо Байден дар Амрико чи гуна гузашт. (видео)​

- Манижа дигарбора дар Тоҷикистон ғавғо барангехт. Ду рӯз инҷониб дар шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон як акси Манижа Сангин, овозхони тоҷики муқими Русия, ки дар лавҳа ё тоблуи бузурге дар шаҳри Ню-Йорки Амрико гузошта шудааст, мавриди баҳсу баррасии корбарон қарор дорад. (видео)

- "Маҷбуранд, аз роҳҳои хатарнок раванд". Аз оғози имсол вазъ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, ки шимоли кишварро бо пойтахт мепайванду аз он ҳамарӯза садҳо нафар рафтуомад мекунанд, хавфнок шудааст. (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.​

XS
SM
MD
LG