Ссылки доступа

Президенти Қирғизистон дар маросими кушодашавии Бозиҳои олимпӣ дар Чин ширкат мекунад


Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон рӯзҳои 3-5 феврал бо сафари корӣ ба Чин меравад.

Маркази матбуотии президенти Қирғизистон рӯзи 24 январ хабар дод, ки дар робита ба риояи чораҳои беҳдоштӣ Ҷабборов ба низоми кори фосилавӣ гузаштааст.

Президенти Қирғизистон дар ин сафар дар маросими кушодашавии Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Пекин ширкат ва ҳамзамон бо раисҷумҳури Чин Си Ҷинпин мулоқот мекунад.

Расман шарҳ дода нашудааст, ки президенти Қирғизистон бо ҳамтои чиниашон дар ин мулоқот дар бораи чӣ гуфтугӯ хоҳад кард. Аммо раиси девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Ҷабборов моҳи октябри соли 2021 гуфта буд, барои сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон ҳамаи ҳуҷҷатҳо таҳия шудаву интизор меравад, ки дар сафари президент ба Чин "сарнавишти ин тарҳ ҳал шавад".

XS
SM
MD
LG