Ссылки доступа

Вазири хориҷии Украина гуфт, ояндаи амнияти Аврупову он тарафи Атлантика дар Украина ҳал мешавад


Дмитрий Кулеба, вазири корҳои хориҷии Украина дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки ояндаи амнияти Аврупову он тарафи Атлантика дар Украина ҳал мешавад, на дар Қазоқистон.

"Ва билохира дар пойтахтҳои калидӣ ба дарки ин масъала расиданд. Ҳар чизе ки ҳоло дар нуқтаҳои дигари дунё мегузарад - ин ҳошия аст. Ин муҳим аст, инро бояд дарк кард, ба ҳисоб гирифт, аммо марказ ҳоло мо ҳастем", - гуфт Кулеба.

Вай илова кард, ки Киев ба маркази дипломатияи ҷаҳонӣ табдил шуда ва дунё ҳаводиси Украинаро бо таваҷҷуҳи зиёд пайгирӣ дорад.

Ҳамзамон вазири корҳои хориҷии Украина гуфт, ки Русия дар Қазоқистон тавоноии "зудамалӣ ва қатъӣ"-и будани худро нишон дод.

"Аз нуқтаи назари низомӣ ин амалиёти маҳаллӣ буд, ки тавоноии ҷаҳонии Русияро "зери чатр"-и СПАД ба намоиш гузошт. Ман баҳо намедиҳам, ки барои ба эътидол овардани вазъи Қазоқистон неруҳои СПАД то чи андоза зарурӣ буданд, аммо Русия, бидуни шубҳа, ба ҳама паём фиристод, ки омода аст, фавран ва қатъиян амал кунад. Ин паёмро шуниданду диданд, на танҳо дар Вашингтон, балки дар Пекин ҳам. Бидуни қайду шарт, баъди ин иқдом мавқеи Русия дар минтақа тақвият меёбад", - афзуд Кулеба.

Эътирозҳо дар Қазоқистон рӯзи 2 январ шуруъ ва як ҳафта давом карданд. Болоравии қимати газ боиси эътирозҳо шуд. Ин эътирозҳо бештари минтақаҳои Қазоқистонро фаро гирифтанд ва талабҳои иқтисодӣ ба сиёсӣ табдил шуданд.

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон рӯзи 5 январ аз Русия ва Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) кӯмаки низомӣ дархост кард.

Вуруди неруҳои СПАД ба Қазоқистон дар дохилу хориҷи он кишвар боиси баҳсҳои зиёд шуд.

Мақомоти Қазоқист гуфтанд, 19 январ ҳамаи неруҳои СПАД аз ин кишвар хориҷ шуданд.

XS
SM
MD
LG