Ссылки доступа

Нигаронӣ аз сарнавишти ду зани фаъол. Толибон изҳори бехабарӣ карданд


Дар пасманзари нигарониҳо дар бораи дар куҷо будани ду зани фаъоли афғонистонӣ, Толибон гуфтаанд, ҳақ доранд, мухолифонро саркӯб ва эътирозгаронро зиндонӣ кунанд.

Бино ба гузоришҳо, Таманно Зарёби Парёнӣ ва Парвона Иброҳимхел дар аввали ҳафта дар Кобул боздошт шудаанд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон, 22-юми январ дар суҳбат ба хабаргузории "Франс-Пресс" боздошти занҳоро рад карда, аммо айни замон гуфтааст, ҳақ доранд, "мухолифон ё қонуншиканонро боздошт ва муҷозот кунанд".

Ин изҳорот пас аз он садо дод, ки Намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон аз Толибон хост, дар бораи макони будубоши Таманно Зарёб ва Парвона Иброҳимхел маълумот диҳанд.

Тибқи гузоришҳо, онҳо баъди тазоҳурот бо талаби риояи ҳуқуқи занон аз хонаҳояшон бурда шудаанд. Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, Таманно Зарёб иддао кардааст, ки ҷангҷӯёни Толибон 19-уми январ ба дари хонааш омадаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар Толибонро, ки миёнаҳои моҳи августи соли 2021 дар Афғонистон дигарбора ба қудрат расид, ба поймол кардани ҳуқуқи занон ба таҳсил, кор ва иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоӣ гунаҳкор мекунанд.

XS
SM
MD
LG