Ссылки доступа

Дар ду соли оянда барои рушди зерсохтори иҷтимоии Узбекистон бештар аз $7 миллиард харҷ мекунанд


Дар Узбекистон барои рушди зерсохтори иҷтимоиву истеҳсолӣ то соли 2024 бештар аз 7 млрд доллар харҷ хоҳад шуд.

Барномаи мазкур рӯзи 22 январ аз сӯи президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев имзо шуд.

Бино ба ин барнома, дар солҳои 2022-24 дар он кишвар бештар аз 54 ҳазор мактаб ва наздики 8,5 ҳазор муассисаи таҳсилоти олӣ, 259 ҳазор муассисаи таълимӣ, 248 толори варзиш ва дигар навъи мактабу муассисаи таълимӣ ва тандурустӣ сохта хоҳад шуд.

Бо фармони президенти Узбекистон Комисияи ҷумҳуриявии рушди зерсохтори иҷтимоиву истеҳсолӣ таъсис шудааст. Комисия фаъолияти вазоратҳо, ниҳодҳо, эътилофҳои тиҷорӣ ва мақомоти маҳаллиеро назорат мекунад, ки дар барномаи мазкур ширкат хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG