Ссылки доступа

Пулиси Қазоқистон баъди ҳаводиси январ 7 парванда бо гумони шиканҷа боз кардааст


Мушовири вазир ва намояндаи расмии Вазорати умури дохилии Қазоқистон Нурдилда Ораз 24 январ дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки ин ниҳод ҳафт парвандаи марбут ба шиканҷаро таҳқиқ мекунад.

"Вазорат ба ҳолатҳои истифодаи нерӯ зидди шаҳрвандон зуд вокуниш нишон медиҳад. Ҳамаи ҳолатҳо бо омӯзиши навори дурбинҳои назоратӣ дар шуъбаҳои пулис дақиқ таҳқиқ мешавад. Аз ҷумла, дар асоси 27 хабар 7 парванда бо банди "Шиканҷа" боз шудааст. Роҷеъ ба 20 ҳолати дигар тафтишоти хидматӣ идома дорад", - изҳор дошт ӯ.

Ба иттилои вай, аз 17 то 23 январи соли равон ба Вазорати умури дохилии Қазоқистон аз рафтори кормандони пулис 74 шикоят ворид шудааст. 46 шикоят дар бораи боздошту интиқоли шаҳрвандон ба шуъбаи пулис ва 28 шикоят дар бораи мусодираву тафтиши муҳтавои телефонҳои мобилии сокинон аст.

"Ба ҳамаи шикояткунандагон сабаби боздошту тафтиши телефонҳои онҳо шарҳ дода шудааст. Муайян карда шуд, ки ҳамаи телефонҳо дар доираи парвандаҳои "терроризм" ва "ҳамла ба иншооту биноҳо" мусодира ва тафтиш гаштаанд", - афзуд намояндаи вазорат.

Эътирози сокинон аз болоравии нархи гази моеъ дар ғарби Қазоқистон дар аввали моҳи январ ба хушунат печид ва даҳҳо куштаву захмӣ ба ҷой гузошт. Мақомоти Қазоқистон рӯзи 22-юми январ гуфтанд, беш аз 460 нафарро бо гумони “терроризм” ва “бетартибиҳои оммавӣ” дар аввали моҳи январи имсол дар ин кишвар дастгир кардаанд.

Элдос Қилимҷонов, сухангӯйи Додситонии кулли Қазоқистон, гуфт, “тақрибан 500 нафари дигар бо иттиҳомҳои начандон вазнин, ба монанди дуздӣ, бетартибӣ ва нигаҳдории силоҳ дар боздошт ҳастанд.”

XS
SM
MD
LG