Ссылки доступа

Тирпаронӣ дар донишгоҳи Олмон як кушта ва чандин захмӣ бар ҷой гузошт


Дар натиҷаи тирпаронӣ дар Донишгоҳи маъруфи Гейделберги Олмон як нафар ҷон бохта, се тани дигар захмӣ шудааст. Ҳамлагар, ки гуфта мешавад донишҷӯи факултети тиббӣ буд, баъдан худро низ парондааст.

Дар ин бора пулиси шаҳри Мангейм ба расонаҳои хабарӣ иттилоъ додааст. Шахсияти ҳамлагар ошкор карда намешавад. Бино ба маълумоти пешакӣ, ҳамла ангезаи сиёсӣ ё динӣ надорад. Ҳамлагар бо худ чандин силоҳ дошта, ба танҳоӣ амал кардааст.

Пулис аз сокинон дархост кардааст, ки ба хотири халал нарасондан ба ҳаракати мошини "Ёрии таъҷилӣ" макони ҳодисаро давр зананд.

Донишгоҳи Гейделберг бар асоси натиҷагирии Times Higher Education, дар миёни донишгоҳҳои миллӣ ҷои севум ва дар ҷаҳон ҷои 42-умро касб кардааст.

XS
SM
MD
LG