Ссылки доступа

Қирғизистон, Қазоқистон ва Узбекистон бе барқ монданд


Дар тамоми ҳудуди Қирғизистон, инчунин дар қисме аз ҳудудҳои Қазоқистон ва Узбекистон ба далелҳои фаннӣ неруи барқ қатъ шуд.

Қатъшавии барқ якбора дар се кишвар ба ҳалқаи ягонаи энержӣ рабт дорад. Дар ин бора Жийде Зоотбекова, котиби матбуотии вазорати энержӣ ва саноати Қирғизистон хабар дод.

"Барқ дар тамоми ҳудуди Осиёи Марказӣ қатъ шуд. Дар ҳоли ҳозир Қазоқистону Узбекистон ҳам бе барқ ҳастанд. Қирғизистон ба зудӣ аз ҳалқаи энержӣ хориҷ мешавад ва барқ васл мегардад. Ба сару садоҳо дода нашавед, вазъ зери назорат аст", - афзуд вай.

Нисфирӯзии 25 январ дар бораи қатъшавии неруи барқ дар ин се кишвар хабар расид. Ба навиштаи расонаҳо, ба иловаи Қирғизистон, дар ҷануби Қазоқистон ва шарқи Узбекистон низ неруи барқ қатъ шудааст.
XS
SM
MD
LG