Ссылки доступа

Кормандони "West Oil Software" дар Қазоқистон шикоят доранд, ки корфармо ваъдаҳои худро иҷро намекунад


Кормандони ширкати "West Oil Software" муроҷиатномаи видеоиеро нашр карданд.

Кормандони "West Oil Software", ки соли гузашта дар вилояти Мангистауи Қазоқистон коршиканӣ карда буданд, мегӯянд, раҳбарияти ширкат як қисми ваъдаҳои худро иҷро намекунад.

Ба гуфтаи онҳо, раҳбарияти "West Oil Software" аз имзои қарордоди корӣ бо кормандон, ки дар ҷараёни коршикании соли гузашта ваъда дода буд, худдорӣ мекунад. "Раҳбарияти корхона талаби қонунии кормандонро баррасӣ карданӣ нест ва ин боиси афзоиши ташаннуҷ шудааст", - мегӯянд кормандон дар муроҷиати худ.

Коршикании кормандони ширкати "West Oil Software" дар кони Жетибойи вилояти Мангистауи Қазоқистон моҳи сентябри соли гузашта беш аз ду ҳафта идома ёфта буд.

Эътирозгарон, аз ҷумла баланд бардоштани маош, имзои қарордоди корӣ ва фароҳамшавии имкони фаъолият барои иттифоқи касабаи мустақилро талаб карда буданд. Дар натиҷа корфармо ваъда дод, ки талаби онҳоро иҷро хоҳад кард ва кормандон низ дубора ба маҳалли кор баргаштанд.

XS
SM
MD
LG