Ссылки доступа

CAN: лоиҳаҳои бунёди неругоҳи ҳастаӣ аз сӯи Русия дар Осиёи Марказӣ хусусияти сиёсӣ доранд


Шабакаи байналмилалии иқдомҳои иқлимӣ (Climate Action Network – CAN) дар робита ба эҳтимоли бунёди неругоҳи ҳастаӣ дар Қирғизистон назари худро баён кардааст.

Ҳамоҳангсози созмон дар Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Олга Бойко дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навиштааст, ки "лоиҳаҳои бунёди неругоҳи ҳастаӣ аз сӯи ширкати русии "Росатом" дар Осиёи Марказӣ комилан хусусияти сиёсӣ доранд".

"Минтақа аллакай бо хушкӣ ва коҳиши оби рӯдхона рӯбарӯ аст. Обҳо бо тағйирёбии иқлим камтар мешаванд ва истифодаи реактор мушкил хоҳад шуд. Неругоҳи ҳастаӣ технологияи хатарнок ва гаронарзиш аст ва бунёди он солҳо тул мекашад", - афзудааст ӯ.

Ширкати давлатии русии "Росатом" ва Вазорати энергетикаи Қирғизистон 20 январ дар ҳошияи Намоишгоҳи ҷаҳонии "Экспо-2020" дар шаҳри Дубай ёддошти ҳамкориеро дар бораи бунёди неругоҳи хурди ҳастаӣ дар он кишвар имзо кардаанд.

"Бунёди чунин неругоҳҳои ҳастаӣ на танҳо ба истиқлоли энержии Қирғизистон, балки ба сатҳи зиндагии мардум ва рушди илмию техникӣ дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад", - гуфта буд мудири кулли "Росатом" Алексей Лихачев.

Вазорати энергетикаи Қирғизистон 21 январ бо нашри изҳороте имзои ёддоштро шарҳ дода, гуфтааст, "ҷониби Қирғизистон дар марҳалаи кунунӣ танҳо алоқамандии худро барои омӯзиши таҷрибаи ояндадори донишмандони ҳастаии Русия изҳор кардааст".

XS
SM
MD
LG