Ссылки доступа

Қирғизистон ба мавҷи нави COVID-19 омода мешавад: содироти доруро ба хориҷ манъ кардааст


Оқилбек Ҷабборов, раиси девони вазирони Қирғизистон рӯзи 25 январ ба зердастонаш дастур дод, ки муассисаҳои тиббӣ ба эҳтимоли якбора афзудани гирифторони вабои коронавирус омода карда шаванд.

Вазири ҳифзи тандурустии Қирғизистон Олимқодир Бейшеналиев дар навбати худ гуфт, ки афзоиши якборагии гирифторони коронавирус дар он кишвар эҳтимол дорад, дар чанд ҳафтаи оянда ба вуқуъ ояд.

Ҳамчунин девони вазирони он кишвар дастур додааст, ки содироти дору аз ин кишвар ба хориҷ манъ шавад. Ҳукумати Қирғизистон гуфтааст, ин тасмим "бо ҳадафи ҳифзи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон", инчунин "ба хотири пешгирӣ аз вазъи душвори беҳдоштӣ дар кишвар" гирифта шудааст.

Дар рӯзҳои охир дар Қирғизистон сабти гирифторӣ ба коронавирус коҳиш меёбад, ҳарчанд шуруъ аз 5 январ теъдоди гирифторон дар ҳоли афзоиш буд. Рӯзи 12 январ мақомоти Қирғизистон аз сабти ҳолатҳои гирифторӣ ба навъи омикрони коронавирус хабар дода буданд.

XS
SM
MD
LG