Ссылки доступа

Ноиб-вазири пешини муҳитзистии Қазоқистон ва раиси ширкати "Оператор РОП"-ро боздошт карданд


Хадамоти зидди фасоди Қазоқистон аз боздошти ноиб-вазири пешини муҳитзистӣ ва раиси ширкати "Оператор РОП", ки ба духтари президенти пешини Қазоқистон рабт дорад, хабар дод.

Аҳмадҷон Примқулов, ноиб-вазири пешин ва Медет Кумаргалиев, раиси ширкати "Оператор РОП" дар "содир кардани ҷиноятҳои коррупсионӣ" гумонбар мешаванд.

Расонаҳо менависанд, ин ду гумонбар ҳангоми фирор аз Қазоқистон боздошт шудаанд.

Ширкати "Оператор РОП"-ро ба Алия Назарбоева, духтари хурдии президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рабт медиҳанд. Ширкати мазкур дар соли 2015 таъсис шуд ва барои партови воситаҳои нақлиёт молиёт ҷамъ мекард.

XS
SM
MD
LG