Ссылки доступа

Иддае аз боздоштшудаҳои ҳаводиси ибтидои моҳи январи шаҳри Алматоро раҳо карданд


Дар шаҳри Алматои Қазоқистон 11 тан аз боздоштшудаҳоеро раҳо карданд, ки дар робита ба ҳаводиси ибтидои моҳи январ боздошт шуда буданд.

Дар ин бора Абзал Куспан, як вакили мудофеъ рӯзи 25 январ хабар дод.

"Мо муваффақ шудем, ки 11 кас аз боздошт раҳо шавад, дар маҷмуъ, дар робита ба вазъи сиҳатиашон шакли боздошти онҳо тағйир дода шуд. Акнун чаҳор касро аз беморхона бояд берун овард", - гуфт Куспан рӯзи сешанбе дар суҳбат бо расонаҳо.

Вакили мудофеъ илова кард, ки ҳамаи 11 кас дар робита ба "Бетартибии оммавӣ" боздошт шуда буд.

Додситонии кулли Қазоқистон рӯзи 25 январ иттилоъ дод, ки дар робита ба ҳаводиси ибтидои моҳи январ ба мақомоти додситонӣ "дар мавриди услуби нодурусти тафтишот" 109 шикоят ворид шудааст. Аз рӯи 11 шикоят тафтиши пешакӣ шуруъ шуда, 10 парвандаи ҷиноӣ низ боз гардидааст.

Мақомоти Қазоқистон дар маҷмуъ 898 касро бо гумони иштирок дар бетартибиҳо боздошт карданд.

XS
SM
MD
LG