Ссылки доступа

Роҳбари Чин ваъда дод, ба Осиёи Марказӣ $500 млн ҷудо мекунад


Раисҷумҳури Чин Си Ҷинпин ваъда дод, ки дар се соли оянда дар ҳаҷми 500 миллион доллар барои рушди иқтисод ва амнияти Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Узбекистон ва Туркманистон ҷудо хоҳад кард.

Дар саммити онлайнии "Осиёи Марказӣ - Чин", ки рӯзи 25 январ бахшида ба 30-солагии робитаҳои дипломатии Пекин бо панҷ кишвари Осиёи Марказӣ баргузор шуд, Си Ҷинпин гуфт, маблағҳои ҷудошуда ба "тарҳҳое равона хоҳанд шуд, ки ба таъмини аҳолӣ бо васоили муҳим барои зиндагӣ рабт доранд".

Роҳбари Чин ҳамчунин ваъда дод, 50 миллион вояи воксини зидди вабои коронавирус ба 5 кишвари Осиёи Марказӣ дар соли ҷорӣ ирсол хоҳад кард. Вай илова кард, Пекин метавонад, истеҳсоли воксини зидди коронавирусро ба кишварҳои дигар омӯзонад.

Чин талош дорад, ки бо Осиёи Марказӣ робитаи наздиктар барқарор кунад, аммо бо назардошти он ки Москва кишварҳои пешини Иттиҳоди Шӯравиро минтақаи таҳти нуфузи худ медонад, аз эҳтиёт кор мегирад.

XS
SM
MD
LG