Ссылки доступа

Вазорати энержии Узбекистон гуфт, дастрасӣ ба барқ 70 дарсад таъмин шуд


То соати 9:30 дақиқаи рӯзи 26 январ дастарсӣ ба неруи барқ дар Узбекистон 70% таъмин шудааст. Дар ин бора котиби матбуотии вазорати энержии Узбекистон Элмира Бекмуродова хабар дод.

Ба гуфати вай, ба далели мушкилот дар низоми таъмини неруи барқи ҷумҳурӣ истихроҷи газ коҳиш ёфтааст.

Бекмуродова афзуд, ҳамаи ҳаҷми гази истихроҷшуда ба пойгоҳҳои гармидиҳӣ, иншооти иҷтимоӣ ва аҳолӣ дода мешавад.

"Дар робита ба ин шуруъ аз имрӯз дар нуқтаҳои фурӯши гази моеъ барои нақлиёт маҳдудият ҷорӣ мешавад", - илова кард вай.

XS
SM
MD
LG