Ссылки доступа

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, паҳнсозии сабти пинҳонии рӯзноманигоронро таҳқиқ мекунанд


Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон омода аст, ки паҳнсозии сабтҳои пинҳонии навор ва садои зиндагии шахсии рӯзноманигор Болот Темиров ва ҳамкорони ӯро таҳқиқ кунад.

Дар ин бора муовини вазири корҳои дохилии Қирғизистон Эркебек Аширхоҷаев хабар дод.

"Агар дар ин бора ариза навшита шавад, пас тафтиш шуруъ мешавад", - гуфт муовини вазир.

Вай илова кард, ки тафтиш нисбати Болот Темиров, аз ҷумла изҳороти рӯзноманигор дар бораи ба ҷайби вай мондани маводи мухаддир, идома дорад.

Шабакаи "Темиров Live" дар Ютюб чанде пеш силсилаи гузоришҳоро бо номи "37 миллион сом дар ду рӯз? Схемаи Содир Жапаров ва Тошиев" оғоз кард. Таҳқиқот гуё даст доштани наздикони Тошиевро дар фаъолияти ширкати давлатии нафти Қирғизистон баррасӣ кардааст. Тошиев дар Фейсбук навишт, маълумоте, ки "Темиров Live" дар бораи ӯ нашр кард, "дурӯғи маҳз аст".

Хабарнигор шаби 22-юми январ дар ҷои кор боздошт шуда, тамоми компютерҳои коргоҳ мусодира каршуданд. "Чанд афсар, аз ҷумла мардони либоси шаҳрвандӣ ба тан, ба коргоҳ ворид шуданд. Шоҳиди он будам, ки чӣ гуна маводи мухаддир партофтанд. Як моддаи сабзи тира дар дохили халта буд," – нақл кард Муҳаббат Тайчибек-қизӣ, корманди шабакаи "Темиров Live".

Мақомоти Қирғизистон журналисти таҳқиқотгар Болот Темировро ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод карданд. Бунёдгузори саҳифаи "Темиров Live" дар Ютюб рӯзи 23-юми январ дар назди Додгоҳи ноҳияи Свердлови Бишкек гуфт, додрас боздошташро қонунӣ донистааст, аммо тафсилот надод.

Темиров боздошташро ба нашри таҳқиқот дар бораи тарҳҳои шубҳаовари содироти мазут аз ҷониби ширкати "Қирғизнефтегаз" пайванд дод. Шабакаи зери раҳбарии ӯ дар Ютюб чанде пеш силсилаи гузоришҳоро бо номи "37 миллион сом дар ду рӯз? Схемаи Содир Жапаров ва Қамчибек Тошиев" оғоз кард.

XS
SM
MD
LG