Ссылки доступа

Мудири ширкати духтари Назарбоев худкушӣ кард


Руслан Шамшиев, мудири иҷроияи ширкати "Оператор РОП", ки онро ба духтари президенти пешини Қазоқистон Алия Назарбоева рабт медиҳанд, худкушӣ кардааст.

Дар ин бора Informburo.kzбо истинод ба пулис хабар додааст. Дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Расонидан ба худкушӣ" парванда боз шудааст.

Ба иттилои телеграм-канали "Kozachkov offside", Шамшиев дар утоқи корияш, дар маркази тиҷории "Astana Apartments" худкушӣ намудааст.

Субҳи 26 январ хабар дода шуд, ки Аҳмадҷон Примқулов, ноиб-вазири пешини Қазоқистон ва Медет Кумаргалиев, раиси ширкати "Оператор РОП" бо гумони "содир кардани ҷиноятҳои коррупсионӣ" дастгир гаштанд.

Расонаҳо менависанд, ин ду гумонбар ҳангоми фирор аз Қазоқистон боздошт шудаанд.

Ширкати "Оператор РОП"-ро ба Алия Назарбоева, духтари хурдии президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рабт медиҳанд. Ширкати мазкур дар соли 2015 таъсис шуд ва барои партови воситаҳои нақлиёт молиёт ҷамъ мекард.

Ҳукумати Қазоқистон 19 январ бо дастури президент Қосимҷомарт Тоқаев қарори манъи фаъолияти "Оператор РОП"-ро содир кард.

XS
SM
MD
LG