Ссылки доступа

Пойгоҳи 201-и Русия таҷҳизоти нав дарёфт мекунад


Пойгоҳи низомии 201-уми Русия мустақар дар Тоҷикистон ба зудӣ беш аз 70 техникаи нави низомӣ дарёфт хоҳад кард.

Дар ин бора ҳафтаи ҷорӣ Александр Лапин, фармондеҳи Ҳавзаи марказии ҳарбӣ хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, чунин кӯмакҳои низомӣ ба пойгоҳи Русия дар Қирғизистон низ расонида мешавад. Аммо дар бораи ҷузъиёти дигари интиқоли таҷҳизоти изофӣ ба ҳарду кишвар ҳанӯз гузориш нашудааст.

Дар пасманзари сари қудрат омадани "Толибон" дар Афғонистон дар моҳи августи соли 2021, низомиёни Русия дар Тоҷикистон бо силоҳу аслиҳаи нав ва муҳимоти низомии бештар таъмин шуданд.

Ҳамчунин Русияву ҳампаймонҳояш аз Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар Тоҷикистон як силсила машқҳои низомӣ барпо карданд. Пойгоҳи 201-уми Русия аз 7 ҳазор низомӣ иборат буда, дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар ҷойгир аст.

XS
SM
MD
LG