Ссылки доступа

Блогери тошкандӣ Фозилхоҷа Орифхоҷаевро 7,5 сол зиндонӣ карданд


Блогери тошкандӣ Фозилхоҷа Орифхоҷаевро, ки баъди баҳс бо блогери ҳукуматгарои узбекистонӣ Аброр Абдуазимов боздошт карда буданд, ба 7,5 соли зиндон маҳкум карданд.

Орифхоҷаеви 41-соларо додгоҳи ноҳияи Олмазори шаҳри Тошканди Узбекистон бо зиндон маҳкум кард.

Додгоҳ ӯро бо модаи "Таҳия, нигаҳдорӣ ва паҳнсозии маводе, ки ба амният ва тартиботи ҷамъиятӣ хатар дорад" айбдор кард.

Созмони байналхалқии ҳомии ҳуқуқи "Human Rights Watch" (HRW) аз мақомоти Узбекистон даъват карда буд, ки "айбҳои беасос"-ро нисбати Фозилхоҷа Орифхоҷаев бекор ва ӯро фавран аз ҳабс озод кунанд.

Дар изҳороти созмон омадааст, ки "ба далели як навори сода"-и Орифхоҷаев дар шабакаҳои иҷтимоӣ ӯро дар хатар эҷод кардан ба амнияти ҷамъиятӣ айбдор кардаанд. Ҳоло, дар асоси ин модда, ӯро 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Орифхоҷаев 28 июни соли 2021 бо айби "майдаавбошӣ" боздошт шуд. Мебоис, вай баъди 15 рӯз озод шавад, аммо ҳамоно дар ҳабс аст ва нисбаташ парвандаи нав таҳқиқ мешавад.

Орифхоҷаев аз сиёсатҳои мақомоти Узбекистон дар бахши дин интиқод мекард. Ӯро дар ибтидо баъди як баҳси лафзӣ бо блогери ҳукуматгаро Аброр Абдуазимов боздошт карданд.

XS
SM
MD
LG