Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон 2,5 млн муштариро метавонанд, аз гуфтугӯи мобилӣ маҳрум кунанд (видео)


Две недели до конца перерегистрации: каким абонентам в Таджикистане скоро грозит отключение связи?
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:44 0:00

Дар Тоҷикистон 2,5 млн муштарии ширкатҳои мобилӣ ё наздики 40% истифодабарандагони хадамоти мобилӣ мумкин аст, дар моҳи феврал бе алоқаи мобилӣ монанд.

Дар моҳи феврал дар Тоҷикистон муҳлати сабти дубораи симкортҳо бар асоси шиносномаҳои нави пластикӣ ба поён мерасад.

Дар соли 2019 ҳукумати Тоҷикистон қарор қабул карда буд, ки симкортҳо дубора бар асоси шиносномаҳои нави пластикӣ сабт шаванд. Аммо он замон зарурати ин кор ба таври қаноатбахш шарҳ дода нашуда буд.

Расонаҳои давлатӣ пайваста ба муштариҳои ширкатҳои мобилӣ гӯшрас мекунанд, ки бояд симкортҳояшонро бар асоси шиносномаҳои нави пластикӣ сабти ном кунанд. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон "Ховар" навишт, ки 40 дарсади муштариҳои ширкатҳои мобилӣ ҳанӯз бо шиносномаҳои намунаи соли 1999 симкорт харида, онҳоро дубора сабти ном накардаанд, дар ҳоле, ки муҳлати аз сари нав сабти ном кардани симкортҳо баъди чанд ҳафта ба поён мерасад.

Коршиносон мегӯянд, агар симкорти муштариҳое хомуш карда шавад, ки бар асоси шиносномаҳои намунаи соли 1999 онҳоро харидаанд, дар он сурат на танҳо муштариҳо, балки ширкатҳои мобилӣ ва дар ниҳоят буҷаи кишвар зиён мебинад. 2,4 миллион симкорт дар сол 44 миллион доллар даромади андоз дорад. Аммо мақомот аз иваз кардани шиносномаи сокинон ҳамагӣ як маротиба даромад мегиранд, мегӯяд коршинос Рустам Гулов.

XS
SM
MD
LG