Ссылки доступа

ИМА ба рӯйхати тундгароён шомил кардани Навалнийро маҳкум кард


Департаменти давлатии ИМА дар робита ба қарори ҳукумати Русия, ки роҳбари мухолифони ин кишвар Алексей Навалний ва ҳамсафонашро шомили рӯйхати террористҳову тундгароён кардааст, изҳори нигаронӣ кард.

Намояндаи Департаменти давлатии ИМА Нед Прайс дар як нишасти хабарӣ аз Москва даъват кард, ки Навалнийро фавран аз зиндон озод кунад.

Дар изҳороташ Прайс гуфт, ки Русия бояд аз истифодаи вожаи "тундгаро" нисбати созмонҳои ғайриҳукуматие худдорӣ варзад, ки зидди хушунат фаъолият мебаранд.

Мақомоти Русия рӯзи 25 январ хабар доданд, Навалний ва чанде аз ҳамсафонаш шомили рӯйхати террористҳову тундгароҳое шудаанд, ки ниҳоди давлатии Русия - Росфинмониторинг - ташкил кардааст.

Суратҳисобҳои афроди шомили ин рӯйхат дар бонкҳои Русия баста мешаванд. Моҳи июни соли гузашта додгоҳи шаҳрии Москва бо талаби додситонӣ чанде аз созмонҳои марбут ба Навалнийро тундгаро эътироф кард.

XS
SM
MD
LG