Ссылки доступа

Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон ба боздошти рӯзноманигори қирғизистонӣ вокуниш кард


Кумитаи байналхалқии ҳифзи рӯзноманигорон (CPJ) ба боздошти рӯзноманигори таҳқиқотгари қирғизистонӣ Болот Темиров вокуниш кард.

"Мақомоти Қирғизистон бояд фавран ва бетарафона таҳқиқ кунанд, ки оё пулис ба ҷайби рӯзноманигор Болот Темиров маводи мухаддир партофтааст ё на. Ҳамзамон ба кормандони расонаи Болот Темиров имкони фаъолияти озодона фароҳам карда шавад", - изҳор доштааст Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон.

Пештар аз ин Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ - созмони дигари ҳомии ҳуқуқи рӯзноманигорон низ аз мақомоти Қирғизистон хоста буд, ки изҳороти Болот Темиров дар бораи ба ҷайби вай партофтани маводи мухаддиро таҳқиқ кунанд.

Шабакаи "Темиров Live" дар Ютюб чанде пеш силсилаи гузоришҳоро бо номи "37 миллион сом дар ду рӯз? Схемаи Содир Жапаров ва Тошиев" оғоз кард. Таҳқиқот гуё даст доштани наздикони Тошиевро дар фаъолияти ширкати давлатии нафти Қирғизистон баррасӣ кардааст. Тошиев дар Фейсбук навишт, маълумоте, ки "Темиров Live" дар бораи ӯ нашр кард, "дурӯғи маҳз аст".

Хабарнигор шаби 22-юми январ дар ҷои кор боздошт шуда, тамоми компютерҳои коргоҳ мусодира каршуданд. "Чанд афсар, аз ҷумла мардони либоси шаҳрвандӣ ба тан, ба коргоҳ ворид шуданд. Шоҳиди он будам, ки чӣ гуна маводи мухаддир партофтанд. Як моддаи сабзи тира дар дохили халта буд," – нақл кард Муҳаббат Тайчибек-қизӣ, корманди шабакаи "Темиров Live".

Мақомоти Қирғизистон журналисти таҳқиқотгар Болот Темировро ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод карданд. Бунёдгузори саҳифаи "Темиров Live" дар Ютюб рӯзи 23-юми январ дар назди Додгоҳи ноҳияи Свердлови Бишкек гуфт, додрас боздошташро қонунӣ донистааст, аммо тафсилот надод.

Темиров боздошташро ба нашри таҳқиқот дар бораи тарҳҳои шубҳаовари содироти мазут аз ҷониби ширкати "Қирғизнефтегаз" пайванд дод. Шабакаи зери раҳбарии ӯ дар Ютюб чанде пеш силсилаи гузоришҳоро бо номи "37 миллион сом дар ду рӯз? Схемаи Содир Жапаров ва Қамчибек Тошиев" оғоз кард.

XS
SM
MD
LG