Ссылки доступа

Ҳудуди 30 сокини Узбекистон бо гумони терроризм боздошт шуданд


Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон хабар доданд, ки дар натиҷаи як амалиёти муштарак гуруҳе аз аъзои созмони мамнуи террористии "Тавҳид ва ҷиҳод катибати"-ро дар шаҳри Тошканд дастгир карданд.

Раёсати пулиси Тошканд санаи дақиқи баргузории амалиётро зикр накардааст. Ба иттилои манбаъ, боздоштшудаҳо гӯиё нақша доштанд, ки дар оянда дар пойтахти Узбекистон иқдомҳои гуруҳиеро ба роҳ монда, ба созмонҳои террористии фаъол дар Сурия пайванданд.

"Ҷонибдорони ошкоршудаи гуруҳи террористӣ ҳудуди 30 нафар ҳастанд. Бештари онҳо аз вилоятҳои Андиҷон, Сурхандарё ва Қашқадарё ба Тошканд омадаанд", - афзудааст пулиси Тошканд.

Фаъолияти созмони мазкур дар Узбекистон манъ карда шудааст.

XS
SM
MD
LG