Ссылки доступа

Задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон


Дар пайи задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон як сокини деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара кушта шудааст.

Раиси маҳаллаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳ рӯзи 27-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, Обидҷон Тӯйчиев 36 сол дошт. "Вай шахси низомӣ набуд, фарди оддӣ буд. Дар наздикии Шуъбаи корҳои дохилии Хоҷаи Аъло аз тири нерӯҳои Қирғизистон кушта шудааст," -- нақл кард ӯ.

Хабаргузории "Азия-Плюс" аз қавли манбааш навишт, ки ин сокини Хоҷаи Аъло "дар натиҷаи афтодани мушак (снаряд) ба хонааш ҷон бохт."

Зубайдулло Шомадов, сухангӯйи ҳукумати Исфара, кушта шудани Обидҷон Тӯйчиевро тасдиқ кард, аммо тафсилот надод.

Хабаргузории "Азия-Плюс" мегӯяд, то кунун 6 захмӣ аз ҷониби Тоҷикистон дар бемористони марказии Исфара бистарӣ карда шудаанд. Ду нафари онҳо низомӣ будаанд.

Шоми 27-уми январ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон тирпаронӣ шуруъ шуд ва, ба қавли сокинони деҳаи наздимарзии Сомониёни Исфара, "ҳанӯз идома дорад".

Манобеи Радиои Озодӣ дар бораи кушта шудани дастикам як сокини деҳаи Сомониён хабар доданд. Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ гуфтааст, захмиҳо низ ҳастанд. Оҷонси "Азия-Плюс" бо такя ба манобеи худ дар бораи маҷруҳ шудани панҷ нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон гузориш дод.

Мақомоти Тоҷикистон ба таври расмӣ шарҳе надодаанд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Исфара Баҳодур Баҳоваддинзода шаби 27-уми январ ба суолҳои Радиои Озодӣ дар бораи ҳодиса посух надоданд.

Як манбаъ дар идораи пулиси вилояти Суғд бе зикри ном гуфт, "тирпаронӣ аз ҷониби Қирғизистон сар шуд". Хабаргузории РИА Новости навишт, ки мақомоти Душанбе амалкарди марзбонони Қирғизистонро “таҷовуз ба қаламрави худ медонанд”.

Ин дар ҳолест, ки Хадамоти марзбонии Қирғизистон иддао дорад, тирпарониро нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон оғоз карданд ва аз гранатомёту миномёт истифода намуданд.

Даргирӣ дар наздикии деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи Исфара ҷараён дорад. Баъзе аз сокинони ҷамоат гуфтанд, садои тиру тӯпро мешунаванд ва аз онҳо талаб шудааст, ки аз хонаҳои худ берун набароянд.

“Аз ҳама намуди яроқ истифода мешавад. Аз садои тиру тӯп шишаи хонаҳо меларзад. Мардум дар таҳлука аст. Ба равони кӯдакон таъсир дорад, сахт тарсидаанд”, -- нақл кард ин сокини Чоркӯҳ.

XS
SM
MD
LG