Ссылки доступа

Вазорати энержии Узбекистон аз барқароршавии комили интиқоли неруи барқ хабар дод


Вазорати энержии Узбекистон хабар дод, ки то соати 16:00 дақиқаи рӯзи 27 январ дар ҳамаи минтақаҳои ин кишвар интиқоли неруи барқ барқарор шудааст.

Ба иттилои ин ниҳод, дар Узбекистон ба ҷуз аз неругоҳи Турақурғон ҳамаи дигар неругоҳҳо ба кор даромадаанд.

Ин вазорат мегӯяд, то соати 16:00 дақиқаи 27 январ таъмини сокинон бо газ ҳанӯз ба таври комил иҷро нашудааст.

"Хоҳиш мекунем, ки сабр кунанд ва бидуни зарурат дастгоҳҳои гармидиҳии барқиро рушан насозанд", - хабар додааст вазорат.

XS
SM
MD
LG