Ссылки доступа

Қирғизистон бештар аз 11 ҳазор сокини вилояти Бодкандро аз минтақаи низоъ берун бурд


Дар вилояти Бодканди Қирғизистон, ки шоми рӯзи 27 январ байни неруҳои Тоҷикистон бо неруҳои Қирғизистон низоъ бархост, 11 ҳазору 52 сокинро ба ҷои амн кӯч додаанд.

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон хабар медиҳад, ки аз ин шумор 10 ҳазору 410 касро ба ноҳияҳои амн ва 642 каси дигарро ба минтақаҳои муваққатӣ кӯчонидаанд.

Дар ин хабар гуфта мешавад, ки аз деҳаҳои Орто-Баз, Ҷака-Орук, Уч-Добо, Оқ-Татир, Самарқандак, Оқ-Сой ва Тош-Тумшуки ноҳияи Бодканд 6 ҳазор сокин муваққатан ба деҳаи Рават кӯч дода шудаанд. Наздики як ҳазор сокини дигари ин деҳаҳо ба ноҳияи Лайлак бурда шудаанд.

Раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон субҳи 28-уми январ бо нашри изҳороте гуфт, ки Обидҷон Тӯйчиев, сокини ҷамоати Хоҷаи Аълои Исфара бар асари таркиши тири миномёти марзбонони қирғизӣ дар манзилаш ба ҳалокат расидааст. Ба гуфтаи манбаъ, Абдулатиф Шарифови 62-сола, ронандаи "Ёрии таъҷилӣ"-и Беморхонаи марказии шаҳри Исфара ҳангоми наҷоти ғайринизомиён деҳаи Хоҷаи Аъло, аз зарбаи гулӯла ҷон бохтааст. Ба гуфтаи сокинони деҳа дар инҷо 10 хона осеб дидаанд. Дар видеоҳое, ки аз деҳаи Сурхи ноҳия ба дасти Радиои Озодӣ расид, чанд хонаи осебдида ба чашм мехӯранд. Ба гуфтаи сокинон дар инҷо 3 хона осеб дидааст.

Вазорати тандурустии Қирғизистон субҳи 28-уми январ иттилоъ дод, ки 11 нафар бо захмҳои гуногун ба бемористонҳо интиқол дода шудаанд. Вазорат вазъи онҳоро "миёна" тавсиф кардааст. Қабл аз ин хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз маҳал гузориш дода буд, ки бар асари ин даргирӣ 7 нафар захмӣ шудаанд ва ҳамаи онҳо низомӣ мебошанд. Ба иттилои манбаъ, ин захмиён дар бахшҳои ҷарроҳӣ ва шикастабандӣ бистарӣ шудаанд.

Задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон шоми 27-уми январ, пас аз он рӯй дод, ки мақомоти ду кишвар якдигарро ба роҳбандӣ гунаҳкор карданд. Мақомоти ду кишвар нимашаби гузашта дар бораи оташбаси комил дар марз хабар доданд. Тибқи ин мувофиқа, ҳарду ҷониб нерӯ ва техникаҳои изофиро аз марз берун мебаранд, шоҳроҳи Бодканд-Исфанаро мекушоянд ва дар марз посбонии муштарак ташкил мекунанд.

Сабаби чунин муноқишаҳо марзи таъйину аломатгузориношудаи байни ду кишвар аст. Баҳори соли гузашта дар як низоъе, ки аз 28-уми апрел то рӯзи 29-уми апрел идома кард, аз ҳарду тараф 55 нафар кушта шуданд ва даҳҳо тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Хонаву моликияти зиёде аз байн рафт. Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр марз дорад, ки аз ин танҳо 519 километрро мушаххас ва нишонагузорӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG