Ссылки доступа

Гуфтугӯи Ҳинд бо Осиёи Марказӣ: талоши густариши нуфуз?


Роҳбарони Ҳинд ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар як саммити онлайнӣ масоили ҳамкориро баррасӣ карданд. Ин саммит дар ҳоле баргузор шуд, ки Деҳливу Пекин дар талоши бештар кардани нуфузи худ дар минтақа ҳастанд.

Минтақае, ки Москва ба таври анъанавӣ онро ҳудуди зери нуфузи худ медонад.

"Осиёи Марказӣ аз нуқтаи назари густариши ҳамсоядорӣ барои Ҳинд дар мақоми марказӣ қарор дорад", - гуфт сарвазири Ҳинд Нарендра Модӣ дар саммити 27 январ, ки дар он президентҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Узбекистон низ ширкат доштанд.

Ин саммит баъди ду рӯзе баргузор шуд, ки президенти Чин Си Ҷинпин бо роҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дидори онлайнӣ анҷом ва ваъдаи кӯмаки 500 миллион долларӣ дод.

Дар саммити Ҳинд бо панҷ кишвари Осиёи Марказӣ масоили густариши тиҷорат, ҳамкорӣ дар бахши мудофиаву амният ва вазъи Афғонистон баррасӣ шуд.

XS
SM
MD
LG