Вай ҷузъиёти дигари сафарашро ошкор накард.
Дар ҳамин ҳол Тоқаев ин суолро қатъиян рад кард, ки оё президенти Русия пеш аз ирсоли неруҳои СПАД дар ибтидои моҳи январ ба Қазоқистон шарте нагузоштааст. "Ҳеч гуфтугӯе дар мавриди ин ки мо баъдтар ҳисобӣ мекунем, набуд", - гуфт Тоқаев. Вай афзуд, ки Русия барои Қазоқистон кишвари ҳампаймон аст.
Тоқаев илова кард, ки неруҳои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) ҳангоми ҳузурашон дар Қазоқистон "ҳатто як тир накушодаанд".
Дар мусоҳибаи телевизионии рӯзи шанбе Тоқаев гузинаи худро баён дошт, ки ҳаводиси ибтидои моҳи январ дар он кишвар чи гуна шуруъ шуд. Президенти Қазоқистон гуфт, он ҳодисаҳо аз сӯи "афроди касбӣ" тарҳрезӣ шуда, эътирозҳои осоишта қисме аз он тарҳ буданд. Тоқаев нагуфт, онҳое, ки тарҳрезӣ карданд кӣ буданд. Ин дар ҳолест, ки пештар мақомоти Қазоқистон мегуфтанд, эътирозҳоро неруҳое аз хориҷ амалӣ кардаанд.