"Хирс Зузу оҳиста ба назди духтарак омад, ӯро бӯ кашид ва дур рафт. Духтарак фақат ҳангоми афтодан аз баландии 5 метр зарба хӯрдааст, на аз дандонҳо хирс", - хабар доданд аз боғи ҳайвонот.
Дар хабари расмӣ гуфта шудааст, ки сарфи назар аз талоши сайркунандагони боғи ҳайвонот имкон нашуд, пеши роҳи модари духтар гирифта шавад то вай духтарашро ба қафаси хирс напартояд.
Дар ҳоли ҳозир мақомот сабаби ин рафтори модарро меомӯзанд ва духтарак таҳти назорати пизишкон аст.
Нисбати модар бо моддаи "Сӯиқасди куштор бо истифода аз ҳолати оҷизӣ" парванда боз шудааст.