Ссылки доступа

Куриёи Шимолӣ мушак партоб кард – президенти Куриёи Ҷанубӣ ҷаласаи Шӯрои амниятро даъват кард


Куриёи Шимолӣ рӯзи якшанбе сӯи баҳри Шарқӣ як мушаки ношинохта партоб кард, дар ин бора хабаргузории "Ренхап" бо такя ба мақомоти Куриёи Ҷанубӣ иттилоъ дод.

Коршиносон гуфтанд, Куриёи Шимолӣ мушаки болдор партоб кардааст.

Мақомоти Ҷопон гуфтанд, мушак дар баландии 2 км ва масофаи 800 км парвоз ва дар минтақаи беруни иқтисодии Ҷопон суқут кардааст.

Президенти Куриёи Ҷанубӣ Мун Чжэ Ин ҷаласаи фаврии шӯрои амнияти кишварашро даъват ва гуфтааст, ки Куриёи Шимолӣ "қадаме сӯи даст кашидан аз уҳдадориҳои қатъи партоби мушакҳои болдори байниқоравӣ анҷом додааст".

"Куриёи Шимолӣ то ин замон қатъи озмоиши силоҳҳои ҳастаӣ ва партоби мушакҳои байниқоравии болдорро риоя мекард. Вале агар онҳо дар воқеъ мушаки болдор партоб карда бошанд, мо метавонем хулоса кунем, ки аз уҳдадориҳо даст кашидаанд", - гуфтааст президенти Куриёи Ҷанубӣ.

Вай ҳамзамон аз Куриёи Шимолӣ даъват кардааст, ки дар нимҷазираи Куриё ҳолати ташаннуҷ ба бор наорад ва ба даъватҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба гуфтугӯ посух диҳад. Партоби рӯзи якшанбе дар маҷмуъ ҳафтумин партоби мушаки Куриёи Шимолӣ дар соли 2022 буд.

XS
SM
MD
LG